Ашт: Таҷлили Иди Қурбон дар ноҳия

 323 боздид

Субҳи рӯзи 20 июли соли равон, Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф, Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиқ Ӯрунзода намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба масҷиди ҷомеи “Нури имон”-и Ҷамоати деҳоти Понғоз ташриф оварда, сокинони ноҳияро ба муносибати Иди Қурбон табрик намуданд.
Нахуст Лоиқ Ӯрунзода намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, кулли мардуми шарафманди ноҳияро аз номи роҳбарияти вилоят табрику муборакбод намуд.
Баъдан, Раиси ноҳия дар сухани табрикии худ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи табрикоти шодбошиашон ба муносибати Иди Қурбон қайд намуданд, ки “Фарҳанги ислом беҳтарин арзишҳои маънавию ҳаётӣ, ба монанди омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, заҳмати созандаву ободгарона, дӯстиву рафоқат ва таҳаммулгароиро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои амалҳои нек ҳидоят менамояд”.
Воқеан ҳам, дар Иди Қурбон бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо баровардани кинаву адоват, аёдати беморону барҷомондагон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Худованд талаби оромиву осоиштагии сарзамин ва рушду инкишофи онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешуҳба дар таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдату якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд.
Инчунин бояд гуфт, ки дар ин рӯз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамзамон ба масҷидҳои ҷомеи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ташриф оварда, Паёми табрикии роҳбарияти ноҳия ба муносибати Иди Қурбон ба самъи сокинон расониданд.
Нимаи дуюми рӯз тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Роҳбарияти ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба интернати давлатии наздимактабии №2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва интернати №1-и ба номи Ҳамзалӣ Анорқулови назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Умари Хайём Ҷамоати деҳоти Ашт ташриф оварда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вилоят бахшида ба Иди Қурбон табрик намуданд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии толибилмон дастурхони идона ва барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.