Имрӯз, 1 июни соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва зиёда аз 700 нафар кӯдакон иштирок намуданд.
Нахуст роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон аз озмуни ноҳиявӣ “Тасвири кӯдакона дар рӯи асфалт” байни 53 нафар кӯчактарин рассомон бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон ва 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯи ҳавлии мумфаршкардашудаи ҳамвори назди муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 баргузор гардид, дидан намуданд.
Баъдан дар толори муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» Раиси ноҳия Зариф Мирдадо баромад намуда, қайд карданд, аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дошта, мо — калонсолонро ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи Шумо ва дар симои ҳар як кӯдаки диёр самимона табрик мегӯям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷойгоҳи кӯдакон дар мустаҳкамии оила барҳақ, таъкид доштаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад”.
Аз ҷониби Раиси ноҳия 28 нафар мудираҳо, мураббияҳо ва тарроҳони либосҳои кӯдакона бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, 26 нафар ятимони кул бо кӯмакпулии яквақтаина ва туҳфаҳои хотиравӣ, 14 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо туҳфаҳои хотиравӣ, 10 нафар кӯдакони навзод бо шаҳодатномаҳои таваллуд, 3 нафар ғолиби озмуни “Тасвири кӯдакона дар рӯи асфалт” бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, гурӯҳҳои рақсии бахши фарҳанги ноҳия ва муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар чорабинӣ аз тарафи кӯдакон ва наврасони муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ва муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ 250 нафар кӯдакони иштирокчии барномаи фарҳангӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.