Имрӯз 15 — уми феврали соли 2022, ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи баровардани қӯшунҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон дар назди муҷассамаи ҷанговарони байналмилал, бо иштироки Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорон, ҷанговарони байналмилал, рӯзи ҷанговарони байналмилал таҷлил карда шуд.
Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат дар баромади худ зикр дошт, тамоми мардуми Тоҷикистон аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳо ва ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат кору фаъолият доранд. Садҳо ҷавонони боору номуси Ватан дар муҳорибаҳои шадиди Афғонистон ҷони худро қурбон карда, то нафаси охирон ба қасами ҳарбии худ дар назди халқу Ватан содиқ монданд. Аксари ҷанговарону иштирокдорони тоҷик дар он солҳо барои шуҷоатмандиашон бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати Афғонистон қадрдонӣ карда шудаанд. Ин қаҳрамониҳо барои мо ҷавонон ва мардуми тоҷик бояд абадӣ намуна бошад. Хотираи неки он фарзандон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад.
Воҳидов Анварҷон Раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷанговарони байналмилал ва Иномҷонов Собирҷон ҷанговари байналмилал баромад намуда, арзи миннатдории худро ҷиҳати дастгириҳои бевосита ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт расониданд.
Сипас, ҷанговарони байналмилал бо Сипосномаи Раиси Шӯрои Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони байналмилали вилояти Суғд, комиссари ҳарбии ноҳия, бо нишони сарисинагӣ ва кӯмакпулии яквақтаина қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ноҳияи мо 178 нафар иштирок карда, дар муҳорибаҳои ҷангӣ 3 нафар фавтиданд ва баъди ҷанг 17 нафар вафот карданд. 9 нафар дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ маъюб ва 6 нафар ба гурӯҳи маъюбӣ баъди ҷанг дохил гардида, зиёда аз 60 нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд.
Инчунин ба ҷанговарони байналмилал ва собиқадорон дар Маҷмааи фарҳангӣ — фароғатии “30 — солагии Истиқлол” як пиёла чойи идона баргузор карда шуд.