АШТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ БАРҚ ДАР НОҲИЯ.

 132 боздид

19.12.2024

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, Ибронов Икром -роҳбарии филиали ҶСК шабакаҳои тақсимоти барқи дар шаҳри Гулистон, кормандони шабакаи барқи ноҳияи Ашт ва дигар шахсони дахлдор  “Рӯзи кормандони соҳаи барқ”  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси ноҳия баромад намуда кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон таҳният гуфт. Баъдан пешқадамони соҳа бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаҳои хотираӣ қадршиносӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Ашт

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.