АШТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФЕАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ

 324 боздид

Дар маҷлисгоҳи калони мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 30-солагии Рӯзи кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар замоне ҷашн гирифта дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, кормандон ва собиқадорони  Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъи тантанавӣ таҳният намуд.

Дар чорабинӣ  раисони ҷамоатҳои,  роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ,  собиқадорони соҳа ва ҷавонони  фаъол ва дигар сохторони дахлдори мақомоти иҷроия иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар  Паёми табрикотии худ қайд намуд:

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд намуданд: «Ҳифзи халқу Ватан хизмати пурифтихор ва пуршараф аст, ки асос ва ҷавҳари онро пеш аз ҳама меҳру муҳаббат ва садоқат ба миллат ва Ватани аҷдодӣ ташкил медиҳад».

Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ҷумлаи муҳофизоне мебошанд, ки бо заҳмату хизмати содиқона хеш дар таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти кишварамон саҳми муносиб доранд.

Дар идома Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, ба як қатор  пешқадамон ва собиқадорони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.