АШТ: Таҷлили Рӯзи матбуот дар ноҳия.

 277 боздид
Субҳи имрӯз 11 — уми марти соли равон, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат ба идораи нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия “Шӯҳрати Ашт” ташриф оварда, аз фаъолияташон аз наздик шинос шуда, бо Рӯзи матбуот табрику муборакбод намуд.
Инчунин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия барои беҳтар намудани шароити корӣ, таъмиру тармими бино ва ободу зебо гардонидани гирду аторофи он ба масъулин дастуру супориш дода шуд.
Баъдан, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии идона бахшида ба Рӯзи матбуот баргузор гардид.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳавӣ, роҳбарият ва кормандони нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия “Шӯҳрати Ашт”, аҳли адаб ва собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.
Дар баромади худ Раиси ноҳия муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат қайд намуданд, “Мавриди зикр аст, ки қаламкашон дар матбуоти даврӣ, тавассути мақолаҳо, хабарҳо, муҳокимарониҳои ҷиддӣ дар дастрас ва ошкор намудани нуқсонҳои ҷомеа хизматҳои арзишманд ба харҷ медиҳанд”.
Гузашти таърихи 30-соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит менамояд, ки ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин бахши муҳим, яъне матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамояд.
Дар ин замина бояд таъкид кард, ки ҳар сол санаи 11-уми март ҳамчун рӯзи матбуоти тоҷик дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бо доираи васеи фарҳанг ва аҳли қалам бо тантана таҷлил мегардад.
Боиси қайд аст, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир хеле бузург аст.
Дар ҳақиқат, воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони тағйирёбии рушди ҷомеа, табаддулоти идеология ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд аст.
Пешвои муаззами миллат дар ҳар ҷаласаю машварат доир ба фаъолияти матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вазифаҳои онҳоро вобаста ба талаботи айём таъкид мекунанд.
Инчунин, дар яке аз мулоқотҳои худ бо аҳли зиё зикр намуданд, ки “Воситаҳои ахбори омма авзои ҳар як ҷомеаро ифода карда, ба доираи васеи мардум имкон медиҳад, ки ҷараёнҳои тунду тези ҳаёти башарро дарк намоянд ва дар маҷмӯъ манфиатҳои миллии хешро дар раванди талошҳои геополитикӣ эҳсос ва ҳимоя намоянд.”
Дар робита ба нақшу мавқеи матбуот Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: “Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад.”
Воситаҳои ахбори омма ба ҳайси як қувваи бузург қодир аст, пеши роҳи сар задани ҳама гуна падидаҳои номатлубро гирад, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон дар сатҳи байналмилалӣ саъю талош намояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумат ҳамеша ҷонибдори озодии баён буда, фаъолияти озоди рӯзноманигорон ва гуногунандешӣ дар ҷомеаро пуштибонӣ мекунад.
Рӯзномаи ноҳиявии “Шуҳрати Ашт” низ аз ҷузъҳои ҷудонопазири матбуоти тоҷик маҳсуб ёфта, 89 сол инҷониб ҳамчун оинаи ҳақиқии рӯзгори мардуми ноҳияи Ашт хизмати босазо мекунад. Таи даҳсолаҳо вобаста ба талаботи замон мазмуну мундариҷаи рӯзнома такмил ёфт. Ба мушкилиҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, кормандони нашрия тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки рӯзнома мунтазам дастраси хонандагон гардад. Масъалаҳои мубрами рӯз, меҳнати созанда, беҳдошти зиндагӣ, ободии диёр, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстию меҳанпарастӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам, ахлоқи ҳамида ва монанди инҳо аз зумраи мавзӯъҳои ҳамешагии рӯзнома ба ҳисоб мераванд.
Рӯзноманигорон ва аҳли қалами ноҳияро зарур аст, ки минбаъд низ баҳри пур намудани фазои холӣ бо иттилооту маълумотҳои дурусту саҳеҳ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро, танҳо инъикоси беғаразонаву воқеъбинонаи рӯйдодҳои ҷомеа метавонад, расонаҳои хабарии моро ба нерӯи созандаву манфиатбахш табдил диҳад.
Имрӯз, он корҳои созандагию бунёдкорӣ, пешрафту шукуфоии диёрамонро, ки аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, қадршиносӣ кунем ва масъалаҳоеро дар матбуот интишор менамоем, ки моро бештар ба худогоҳию сарҷамъӣ, нигоҳдории ваҳдати миллӣ ва пиёдасозии ормонҳои давлатдориамон даъват менамоянд.
Мо ҳамзамон, дар арафаи иди бузурги аҷдодиамон Наврӯзи байналмилал қарор дорем.
Наврӯз на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор, балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи пурғановат ва омили тақвияти ифтихори миллӣ мебошад. Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро ба илҳому офарандагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Аз ин ҷост, ки кишвари офтобиамон, аз ҷумла ноҳияи Ашти сарсабз аз Наврӯз то Наврӯзи дигар ободтару зеботар мегардад.
Имсол мо тасмим гирифтем ҷашнвораҳои бузурги дар пешистодаро бо дастовардҳои беназири меҳнатӣ, дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ баргузор намоем. Дар иҷрои ҳама ҳадафҳои муҳими давлатдорӣ, дар роҳи тарғибу ташвиқи амалҳои нек мо ҳамеша ҷонибдори ҳамкорӣ бо Шумо аҳли қалам ҳастем.
Ҳар нафаре, ки дар ҷодаи расидан ба ин рӯзҳои босаодат, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти давлату миллати хеш саҳме гузоштааст, инсони саодатманду сарбаланд аст.
Итминони комил дорам, ки рӯзноманигорони ноҳия аз ҳамин шумораи инсонҳо буда, рисолати худро, ки созандагию бунёдкорӣ, таҳкими давлатдорӣ ва сарсабзии миллат аст бо амри дилу виҷдон адо менамоянд.
Дар ин ҷодаи пурифтихор ба ҳамаи Шумо, соҳибқаламону зиёиён барору комёбиҳо таманно менамоям.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия якчанд нафар собиқадорони соҳа ва рӯзноманигорони ҷавон, ки дар васоити ахбори оммаи ноҳия фаъолият мебаранд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир ба собиқадорони соҳа дар Маҷмааи фарҳангӣ — фароғатии “30 — солагии Истиқлол” як пиёла чойи идона ва барномаи рангини фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.