АШТ: Таҷлили «Рӯзи мелиораторон»

 318 боздид

Субҳи имрӯз 15-уми сентябри соли 2021 дар толори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо иштироки муовини якуми Раиси ноҳия Расулзода Қафлон Мансурӣ, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Солиҷонов Абдуллоҷон, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Муҳамадиев Рафторҷон, роҳбарони ассосиатсияҳои истифодабарандагони об, кормандон ва собиқадорони идораи мазкур «Рӯзи мелиораторон» таҷлил карда шуд. Муовини якуми Раиси ноҳия аз номи Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ҳозиринро бо иди касбиашон ва ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳа ёдовар шуданд.
Баъдан, Солиҷонов Абдуллоҷон муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят номаи табрикии сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятро ба самъи ҳозирин расониданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар сол дар мавсими нави обкашӣ ба заминҳои дар гардиши кишоварзӣ буда, пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз лой тоза карда мешаванд.
Дар охир аз ҷониби муовини якуми Раиси ноҳия ва муовини сардори Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят якчанд нафар кормандон ва собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.