АШТ: Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 51 боздид

Субҳи имрӯз 24 — уми ноябри соли 2021 дар толори муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, собиқадорони соҳаҳо, собиқ Раисони ноҳия ва собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Ҳакимзода Ҳаким Карим — сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, фарорасии санаи фархундаву таърихӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони шарафманду сарбаланди вилоят табрик гуфта, орзу мекунам, ки ин рамзи муҳими давлатдории миллӣ ҳамчун сарчашмаи ифтихор дар фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон абадан парафшон бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши Парчами давлатӣ дар муаррифии халқи соҳибтамаддуну куҳанбунёди тоҷик ва давлату миллат, аз ҷумла таъкид намуданд: “Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад”.
Таманно мекунем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Тоҷикистони азизамон ва мардуми он ҳамеша парафшон бошад!
Раиси ноҳияи Ашт, Мирдадо Зариф дар баромади худ иброз дошт, қобили зикр аст, ки ҳар сол санаи 24-уми ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.
Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик аз қадим давлатдор буда, ба рамзҳои давлатдории худ аз ҷумла парчам, эҳтироми хоссаро зоҳир менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин муқаддасоти миллӣ дар яке аз суханрониҳояшон чунин зикр намудаанд: “Парчами давлатӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мост”.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлолбуда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Боиси тазаккур аст, ки тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.
Бо вуҷуди ин Роҳбари тозаинтихоби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи қабули муқаддасоти миллӣ ва ба ин васила, муттаҳид сохтани тарафҳо қадамҳои устувор гузоштанд. Ҳамин буд, ки дар Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар баробари ҳалли дигар масоили барои аз вартаи ҳалокат наҷот додани давлату миллати тоҷикон ниҳоят зарур, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ин муқаддасоти миллӣ тавонист мардуми пароканда ва қисмҳои тақсимшудаи кишварро дар зери худ муттаҳид намуда, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро амалӣ гардонад.
Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз ҳувияту худшиносии миллӣ нақши мубориз дорад.
Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд:
“Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад”.
Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Бори дигар ҷашни ҳумоюни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборакбод гуфта, таманнои оро дорам, ки Парчами давлатии кишвари мо, ки далели пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст, бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.