АШТ: Таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 618 боздид

Нимаи дуюми имрӯз, санаи 28 майи соли 2021, дар қисми ҳарбии 0216 – и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, муовининон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сарпарасти қисми ҳарбии 0216 аз Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исайнов Меҳрдод, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони якқатор ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва падару модарони сарбозони навдаъватшуда иштирок доштанд.
Нахуст роҳбарияти ноҳия ба сухан баромада, иброз доштанд, ки соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.
Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд, яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва имрӯз бо интизоми қавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандагии мардуми шарафмандро сарбаландона анҷом медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуданд, ки: “Нақши ҷавонони мамлакат дар хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ — ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”
Боиси ифтихор аст, ки қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияи мо вазифаи худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро карда, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан сазовори боварӣ ва эътиқоди мардуми ноҳия гаштаанд.
Дар чорабинӣ 50 нафар сарбозони навдаъватшудаи қисми ҳарбии 0216-и Қушунҳои сарҳадӣ савганд ёд карданд.
Дар рафти чорабинӣ гузашти ҳарбӣ низ ташкил карда шуд.
Аз тарафи роҳбарияти қисми ҳарбӣ Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сардорони якқатор ташкилоту идораҳо бо Сипоснома сарфароз гардонида шудаанд. Инчунин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия низ якчанд афсарону сарбозон бо рутбаҳои навбатӣ ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Баъдан меҳмонон аз шароити ошхона, мошинсарой, ҳаммоми тобистона ва аз рафти сохтмони хобгоҳи сарбозон ва синфхонаи тобистона, ки дар арафаи анҷомёбист, дидан намуда, ба роҳбарияти қисми ҳарбӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар охир барои болидахотирии афсарону сарбозон дастурхони идона ва аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ ташкил карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастурхони идона ва барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ дар дигар қисмҳои низомӣ ва отдрядҳои сарҳадии ҳудуди ноҳия низ ташкил карда шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.