АШТ: Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия

 330 боздид

Нимаи дуюми имрӯз, санаи 25 июни соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов», чорабинии тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сарварони муассисаҳои давлатии таълимӣ, тандурустӣ, варзишӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, собиқадорон, бонувон ва ҷавонони фаъол ширкат намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло зимни баромади хеш қайд намуданд, ки таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асоси мустаҳкам гузошт.
Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.
Имрӯз бо ифтихор қайд менамоям, ки таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.
Қобили зикр аст, ки сокинони кишвар, хусусан мардуми ноҳияи Ашт ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон, 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ, дар ободу зебо намудани диёр, имрӯз саҳми ватандӯстонаи хурду бузург, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва хайрхоҳу ташаббускор торафт бештар мегардад.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳое, ки дар ободкориву созандагӣ саҳмгузор ҳастанд, барои заҳмати софдилонаву содиқонаашон миннатдории Ҳукумати Ҷумҳуриро баён менамоям.
Дар ҳамин ҷода, кулли мардуми меҳнатқарини ноҳияи Аштро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия пеш аз ҳама саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Каримзода Осим Қосим табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 24-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба самъи иштирокдорон расонид.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, иштирокдорон ва сокинони ноҳияро ба ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, зикр дошт, ки барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.
Чӣ тавре, ки дар хотир дорем, дар солҳои 90-уми асри гузашта хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.
Маҳз, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати кишвар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷеаи даҳшатнок ба имзо расонидааст ва имрӯз аз он айём 24 сол сипарӣ мегардад. Ин ҳама 24 соли эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар таърихи давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.
Инчунин дар чорабинӣ аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло дастаҳои ғолибомадаи мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футболи хурд байни кормандони корхонаю ташкилотҳои ноҳия, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида буд бо Ҷом, Дипломҳои дараҷавӣ ва медалҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир баҳри болидахотирии иштирокдорон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона пешниҳод гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.