АШТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР НОҲИЯ

 3 127 боздид
    Имрӯз, 10 августи соли ҷорӣ дар саҳни Муасиссаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-даммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Рӯзи варзишгарон дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.
         Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш дар ноҳия ва варзишгарони ҷавон иштирок доштанд.
         Дар оғоз Сафарзода Баҳриддин Сафар Дипломе, ки аз ҷониби варзишгарони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба Раиси ноҳия ирсол шудааст, дар вазъи тантанавӣ супорид.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар баромади худ бахшида ба Рӯзи варзишгарон иброз дошт, баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷӯҳи хоса аз ҷониби роҳбари давлат равона карда мешавад.
        Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷавон, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
        Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.