9-уми августи соли ҷорӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рӯзи варзишгарон дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш, варзишгарони ҷавон ва дигар сохторони дахлдори мақомоти иҷроия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар Паёми табрикотии худ қайд намуд, ки баҳри рушди соҳаи варзиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар идома Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷавон, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия