АШТ: ТАҶЛИЛӢ 29-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.      

 539 боздид

Имрӯз, санаи 28-юми майи соли ҷорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 29-умин солгарди таъсисёбии рӯзи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба қисми низомӣ ташриф овард.

Зимни ташриф Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзодаро роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромада, афсарону сарбозони қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбӣ таҳният намуд:

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимӣ таъкид менамоянд, ки «Қушӯнҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ва нишонаи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад.”

Дар идома ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии рӯзи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолон ва як қатор сарбозони пешқадам дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома, Сипоснома ва медалҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.

Ба ифтихори ташрифи меҳмонон намоиши машқҳои ҳарбӣ ва гузашти низомӣ дар қисмҳои ҳарбӣ сурат гирифт.

Раиси ноҳия бо ҳамороҳии роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва шахсони дахлдор аз шароити будубоши сарбозон дидан намуд.

 

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.