АШТ: ТАҶЛИЛӢ ИДИ САИДИ ФИТР

 565 боздид

Аз субҳи содиқ дар масчиди ҷомеи шаҳраки Шайдон намозгузоронро намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини раиси вилоят Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ба муносибати Иди саиди Фитр таҳният гуфтанд. Дар оғоз паёми табрикотии Раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзодаро муовини раиси вилоят ба мардуми шарифи ноҳияи Ашт ироа намуд: “Маҳз бо шарофати Истиқлолият мо дар фазои озоди динӣ зиндагӣ намуда, эътиқоди мазҳабии худро қонеъ мекунем, озодона намоз мехонем, рӯза медорем, идҳои Рамазону Қурбонро ҷашн мегирем. Бинобар ин бояд ба қадри сулҳу субот бирасем ва шукронаи ин неъмати бебаҳо кунем. Дар ин рӯзи Ид нисбати ҳамдигар меҳрубон

бошем, ба фақирону мискинон дасти ёрӣ дароз кунем, сари ятимонро сила кунем”.

Баъдан Раиси ноҳия табрикоти хешро ба сами ҳозирин баён намуд: “Мусулмони ҳақиқӣ шахсеро мегӯянд, ки дар анҷом додани корҳои нек, обод кардани диёри худ кӯшиш намуда, дигаронро ба он ташвиқ менамояд. Имрӯз мо бояд камари ҳимматро барои ободонии Ватани худ сарф намуда, кӯчаву маҳаллаи худро обод ва онро ба боғу бустон табдил диҳем.”

Дар фарҷом ходимони дин ва намозгузорон барои таваҷҷӯҳи пайваста ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода изҳори сипос карданд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.