Имрӯз, санаи 24-уми ноябр ба муносибати сазовор ва хотирмон ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Ашт шиору овезаҳо ва парчами давлатӣ насб гардида, фазои идона танинандоз буд.
Ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи ҷорабинии идона, нахуст бо иштироки наздик ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатии парафшон баргузор карда шуд.
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзод бо ҳамроҳии намояндаи МИҲД-и вилоят Лоиқ Урунзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимон, сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, собиқ раисони ноҳия, собиқадорони меҳнат дар назди саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳпаймоии аҳли кормандони ташкилоту корхонаҳоро пазироӣ намуданд.
Баъдан, чорабинии идона дар толори хурди Муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ -драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Нахуст, Лоиқ Урунзода намоядаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғдро ироа намуд.
Сипас, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромада, сокинонро ба “Рӯзи Парчами давлатӣ” таҳният намуд:
«24-уми ноябр тамоми тоҷикистониён боз як ҷашни таърихӣ, рӯзи саиду саодатбахш-Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ифтихорц ин санаи таърихро ба тамоми хурду бузурги ноҳия самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.»
Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлолии тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олӣ қабул гардид.
Парчами Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар парчамҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон сол инҷониб ин сана дар мамлакат бошукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Баромади аҳли хунар ва рақсҳои ҷолиби гурӯҳи ҳунарӣ анҷомбахши чорабинӣ буд.
Дар фарҷом маркази хизматрасони “Агафа” дар шаҳраки Шайдон мавриди баҳрабардори қарор гирифт. Барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҷойи нави корӣ ва хизматрасонии сатҳи баланд ба соҳибкор Шӯҳрат Муҳаммадзода изҳори сипос намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия