Санаи 31 августи соли равон, бо ташаббуси гурӯҳи ихтиёриёни “Нигоҳи баробар” ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба оғози соли хониши 2021 – 2022 ба 10 нафар наврасон аз оилаҳои қишри ниёзманди ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғоз ҷузвдон ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.
Туҳфаҳоро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар як наврас дастрас намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин ташаббусҳои созанда минбаъд низ дар ҳар иду айёмҳо давом дода мешавад.