Субҳи имрӯз, санаи 1 июни соли равон, дар толори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби мудири бахши САҲШ – и ноҳия Муртазо Назира ва бо дастгирии шахсони саховатманд бародарон Ахмедовҳо бо мақсади бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдакони то яксола ва аз он калонтар ва таъмини саривақтии кӯдакон бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба падару модарони 80 нафар кӯдакони аз қайд монда ва оилаҳои камбизоат дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои таваллуд ройгон тақдим карда шуд.