АШТ: Ташрифи меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ноҳия

 389 боздид

Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷиҳати тақвияти дӯстӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, ивази таҷриба, рушду тараққӣ додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, гузаштан ба марҳилаи сифатан нави ҳамкориҳо ва табодули молу маҳсулот миёни ду давлати дӯст санаи 6 июли соли 2021, ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз масъулини мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва тоҷирон иборатанд бо роҳбарии муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асамов Анвар Дамирович ба ноҳия ташриф оварданд, дар даромадгоҳи ноҳия Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф пазироӣ ва ҳамроҳӣ намуданд.
Дар рафти сафари корӣ ба ноҳия меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии муовинони Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва Зариф Назирӣ ҳамроҳӣ доштанд.
Меҳмонон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам, инчунин истифодаи технологияҳои муосир шинос шуданд. Аз ҷумла, аз корхонаи бастубанди меваи тару тозаи ҶДММ “Зардолу ва Ко”, боғҳои интенсивии хоҷагии деҳқонии “Ифтихор”, корхонаи коркарди нахи пахта ва равғанбарории ҶДММ “Рахшона”, бо имкониятҳои азхудкунии заминҳои мавзеи Ашти калон ва ташкили кластери коркарди ниҳоии нахи пахта, аз ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ “Рахшона” боздид намуданд.
Дар анҷоми боздиди корхонаҳои саноатӣ дар Маркази сайёҳӣ ва истироҳатии “Рахшона” баҳри болидахотирии меҳмонон “Шоми дӯстӣ” бо барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.