АШТ: Ташрифи Раиси Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба ноҳия

 241 боздид

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 дар бораи муайян намудани сарпарастон аз ҳисоби масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ субҳи имрӯз, 18 – уми феврали соли равон, Раиси Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва Раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло ба ноҳия ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат пазироӣ ва ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон ба муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ – техникии саноатӣ кишоварзии ноҳия ташриф оварда, аз шароити кунунии литсей, синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳ, китбхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон мулоқоти судманд анҷом доданд.
Раиси Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба сухан баромада, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии мамлакат арзёбӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад.
Саҳми ин боргоҳи ҳунар баҳри соҳибкасбу ҳунарманд намудани насли ҷавон хеле калон аст ва итминон дорем, маъмурият ва омӯзгорону мутахассисони ин муассиса дар фаъолияти минбаъдаи худ навоварии касбӣ эҷод намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба азхудкунии касбҳои гуногуни ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ равона месозанд.
Зеро, тамоми ҷаҳду талошҳо, ташаббусҳои созанда, эълон намудани 20-солаи фанҳои дақиқ ва як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба хотири баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанг, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ – техникӣ ва вусъат додани фаъолияти литсейи мазкур аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон мошинаҳои дӯзандагӣ, мизу курсӣ, китобҳои фаннию бадеӣ ва барои беҳтар намудани шароити хобгоҳ рахти хоб ва ҷевон туҳфа гардида буд.
Нимаи дуюми рӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба шаҳру тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони кумитаву раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, масъулони самти идеологӣ, вакилон, ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Раиси Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар баромади хеш иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат талош дорад, то барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созад ва ҳамаи нақшаву барномаҳои давлатӣ маҳз ба хотири амалигардонии ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд. Инчунин оид ба рушди иқтисоди миллӣ, ҳадафи чоруми мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар бо мақсади таъмини амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар эълон намудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муасиссаҳои миёна ва олӣ, амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯхтани илму ҳунар, нақши бонувону занон ва ҷавонони кишвар дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ, заҳмати софдилонаю содиқонаи занону бонувон ва ҷавонон дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ки дар Паём ироа гардида буд ва дигар масоили мубрами рӯз изҳори андеша кард.
Ҳамзамон, иштирокдорон низ дар рафти вохӯрӣ аз Раиси Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.