АШТ: ТАШРИФИ РАИСИ НОҲИЯ БА ҚИСМҲОИ низомӣ  ДАР ТАҶЛИЛӢ 30-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 392 боздид

Имрӯз, санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба қисмҳои низомии ноҳия  ташриф овард.

Зимни ташриф Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзодаро муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия,  роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  собиқадорони хизмати ҳарбӣ, ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ — атомии Чернобил, собиқарони меҳнат, роҳбарону кормандони ташкилоту  идораҳо, муассисаву корхонаҳо, ҷавонону занони фаъол ва васоити ахбори омма ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромада, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва қисми низомии КДАМ  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин ҷашни пурифтихори давлатӣ, яъне Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт:

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимӣ таъкид менамоянд, ки  «Қушӯнҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ва нишонаи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад.”

Ҳамасола, меҳурубониҳои Пешвои миллат  нисбат ба самтҳои мухталифи Қувваҳои Муассалаҳи кишвар хеле зиёд эҳсос мешавад. Инчунин, бо дастгириҳои Раиси вилоят дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои ободии қисмҳои ҳарбӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад».

Бори дигар ҳамаи сарбозону афсарон, меҳмононро ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям, ба ҳамаи Шумо сиҳату саломатӣ ва дар хизмати пуршараф ҳамчун ҳомиёни содиқи Ватан барору комёбиҳо орзу менамоям.

Дар идома таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор сарбозони фаъол дар вазъияти тантанавӣ бо Раҳматнома, Ифтихорнома, Сипоснома ва медалҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  ноҳия тақлим гардид.

Ба ифтихори ташрифи меҳмонон намоиши машқҳои ҳарбӣ ва гузашти низомӣ дар қисмҳои ҳарбӣ сурат гирифт.

Раиси ноҳия бо ҳамороҳии муовинон, роҳбарони сохторҳои қудратӣ  аз шароити будубоши сарбозон ва маҷлисгоҳи навбунёд, захираи озуқаворӣ дидан намуд.

Дар охир барои болидахотирии сарбозон барномаи рангини бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод гардид, ки хурсандии сарбозонро ҳадду канор набуд.

Боиси қайд аст, ки дар маҷмааи фарҳангӣ- фароғатии  “30-солагии истиқлол” ба роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарон, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ — атомии Чернобил, собиқарони меҳнат, собиқ раисони  ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо, ҷавонону занони фаъол, соҳибкорон ва дигар шахсон дастурхони идона ороста шуда, як қатор кормандони фаъоли сохторҳои низомӣ, аскарону афсарон  бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Раиси ноҳия қадршиносӣ карда шуданд

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.