Имрӯз санаи 15 июли соли 2021, Раиси ноҳия ба деҳаи Сарваки Ҷамоати деҳоти Пунук ташриф оварда, аз вазъи зиндагии мардум ҳолпурсӣ намуда, оид ба оғози кори сохтмони бинои МТМУ №56 ба масъулин дастуру супориш дод.
Ёдовар мешавем, ки МТМУ № 56 солҳои 2003 бо тариқи ҳашар пӯшида шудааст. Деҳа аз 111 хоҷагӣ иборат буда, 625 нафар аҳолиро дар бар мегирад. Дар муассисаи мазкур 16 нафар омӯзгорон ба 105 нафар хонанда дарс медиҳанд, ки имсол 9 нафар хонандагон синфи 11-ро хатм намуда, 8 нафар ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.
Лоиҳаи сохтмони муассиса барои 6 синфхона, хонаи омӯзгорон, синфхонаи компютерӣ ва майдончаи варзишӣ омода карда шудааст. Корҳои сохтмонии муассисаи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Ашти Калон” баъди гирифтани иҷозат барои сохтмон оғоз карда мешавад. Айни ҳол то гирифтани иҷозат барои сохтмон корҳои ҳамвор кардани қитъаи замин рафта истодааст.