АШТ: ТАШРИФИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ БА ДЕҲАИ САРВАКИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУНУК

 1 011 боздид

Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт яке аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ба ҳисоб меравад. Деҳаи Сарвак (анклав) дар ҳамин ҷамоат ҷой гирифтааст. Дар ин деҳа айни замон 111 хоҷагӣ бо фарогирии беш аз 600 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Як муассисаи таҳсилоти миёна (№56) ва як бунгоҳи тиббӣ амал мекунанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ба 105 нафар хонандагон наздики 20 омӯзгор дарс мегӯянд. Деҳа кӯҳӣ буда, аҳолиаш асосан аз ҳисоби чорводорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ рӯз мегузаронанд.
Моҳҳои охир барои сокинони ин маҳал душворӣ пеш омадааст, чун ҷумҳурии ҳамҷавори Ӯзбекистон дар ҳолати карантинӣ қарор дорад.
Тибқи иттилои Раиси ҷамоати деҳоти Пунук Бурҳониддин Муҳиддинзода беш аз ду моҳ мешавад, бо дастгирии роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ва соҳибкорони саховатманд аҳолии ин маҳал бо маҳсулоти ниёзи аввал таъмин мешаванд. Роҳбарияти ноҳия ҷиҳати ҳалли мушкилоти мардуми метавон гуфт, дар бунбаст қароргирифтаи ин деҳа тамоми имкониятҳоро истифода мебарад.
Санаи 18 июни соли равон низ бо мақсади огоҳии бештар пайдо намудан бо вазъи деҳа Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо ҳамроҳии раиси ҷамоати деҳоти Пунук ва сардори қисми низомии 02-16 Б.Шокаримов дар мувофиқа бо Қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ роҳбари ноҳия вазъи ҳассоси имрӯза, мубориза алайҳи бемории сироятии коронавирус, роҳҳои пешгирии он тавассути риояи қавоиди беҳдоштӣ, эҳтиром гузоштан ба муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор—Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ғайриқонунӣ убур накардани сарҳад, ки бегумон боиси нигарониҳо хоҳад шуд, сарҷаъм будану бо таҳаммулу тааммул паси сар намудани мушкилоти имрӯз сухан гуфт.
Аҳолии деҳа аз роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуда, ҳамзамон хоҳиш намуданд, барои ҳалли масоили ҳалталаб ёрии худро дареғ надоранд:
Мусоидат барои убур намудани сарҳад ба аҳолӣ ҷиҳати харидории молу маҳсулот ва бад ин васила таъмини моддии оила; мусоидат ҷиҳати убури сарҳад барои табобати беморон дар маркази ноҳия.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия бори дигар нозукиҳои муносибату муоширати аҳолӣ бо мардуми дӯсти Ӯзбекистон бозгӯ карда шуд.
Баъдан аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба Хонаи саломатии деҳаи Сарвак таҷҳизоти таъбсанҷӣ (тепловизор), маводи доруворӣ, ниқоб ва маҳлули гидрохлорид тақдим карда шуданд.
Вақти бозгашт роҳбарияти ноҳияи Ашт ҷиҳати ҳалли мушкилоти бозгӯшуда бо сардори қисми низомии ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон суҳбат доир намуданд. Метавон гуфт, мушкилоти баррасишуда дар мувофиқа бо намояндагони ҷумҳурии ҳамҷавор ҳалли худро ёфтанд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.