31.07.2024
Имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар шахсони масьул Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмиро истиқбол гирифтанд.
Дар оғоз Вазири кишоварзӣ дар даромадгоҳи ноҳия бо масъулон суҳбати сарироҳӣ анҷом дода, аз масъалаҳои самти кишоварзӣ пурсон шуд.
Сипас, меҳмонон аз хоҷагии давлатии “Ниҳолпарвар”, ҷараёни бунёди боғи интенсивӣ, ҷамъоварӣ ва содироти ангур дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур”, фабрикаи парандапарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Ошоба, заминҳои ҶДММ «Рахшона», ки парвариши пахта ҷараён дорад, дидан намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ аз ҳавзҳои моҳии ҶДММ «Рахшона», ки ба таври интенсивӣ парвариш карда мешавад, дидан намуда, дастуру тавсеаҳо дода шуд.
Баъдан, Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ аз рафти бунёд ва корҳои сохтмонии корхонаи коркарди нахи пахта, ки дар як шабонарӯз 15 тонна пахта истеҳсол дорад, шинос шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия