Субҳи имрӯз 7 – уми феврали соли 2022, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, муовини вазир Собирзода Нуралӣ Миралӣ, сардори Раёсати сохтмони асосии назди вазорат Сафарзода Даврон ва сардори Раёсати маориф ва илми вилоят бо сафари корӣ ба ноҳия ташриф оварданд.
Меҳмононро роҳбарияти ноҳия дар даромадгоҳи ноҳия пазироӣ ва ҳамроҳӣ намуданд.
Роҳбарияти вазорат ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии сохтмонаш ба итмомрасидаи №65, №7, кӯдакистони хусусии соҳибкор Истамой Мадалиева, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, рафти корҳои сохтмони бинои шӯъбаи маориф ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, ки аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон ва аҳолӣ бунёд гардида истодааст, боздид намуда, ба пудратчиён, сохтмончиён ва дигар масъулони соҳа ҷиҳати бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои муйяншуда ба итмом расонидани сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.