Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро санаи 24 – уми марти соли 2022 ба ноҳия ташриф овард.
Дар ин сафар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат Мирзозода Наврӯз, сардори Раёсати сохтмони асосии назди вазорат Сафарзода Дилшод ва сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмононро роҳбарияти ноҳия дар даромадгоҳи ноҳия пазироӣ ва ҳамроҳӣ намуданд.
Роҳбарияти вазорат ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кӯдакистонҳои ноҳия ва аз иншоотҳои сохтмонашон ба итмомрасидаи ифтитоҳшаванда боздид намуда, ба пудратчиён, сохтмончиён ва дигар масъулони соҳа ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба итмом расонидани сохтмон ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.




