Санаҳои 29-30 апрел соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Гуштини тарзи озод байни наврасону ҷавонон ва духтарон (U-13 ва U-23) баргузор гардид, ки дар мусобиқа ноҳияи Аштро зиёда аз 70 нафар варзишгарон аз Муассисаи давлатии мактаби варзишии рақами 1-и ноҳияи Ашт муаррифӣ намуданд.
Дар натиҷа 3 нафар сазовори ҷои 1, 9 нафар сазовори ҷои 2 ва 12 нафар сазовори ҷои 3 гардиданд, ки ин нишондиҳанда дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.
Аксҳо аз рафти баргузорӣ ва қадршиносии мусобиқаи мазкур.
Хадомоти матбуоти Раиси ноҳия