АШТ: ВАТАНДОРӢ НИШОНАИ НАНГУ НОМУС АСТ.

 1 238 боздид

03.11.2022

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир, комиссари харбии вилоят Мирзозода Давлатшо, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳамиадзода бо фаъолон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисон ва сардорони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ноҳиявӣ, вакилони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, расонаҳои хабарии ноҳия, имом-хатибон ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.

Дар оғоз Шӯҳрат Муҳаммадзода меҳмононро аз номи фаъолон хайрамақдам гуфт. Сипас, оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №621 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 — 2005” дар ноҳия мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.

Дар рафти кори ҷаласа гузориш оид ба рафти даъвати тирамоҳӣ  комиссари ноҳия, полковник Шарифзода Хайрулло Аброр баромад намуда, ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.

Дар давоми ситод Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба даъвати тирамоҳӣ баёни андеша намуд:

“Ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсту  ватанпарвар  бояд аз ҳама чизи муҳим неъмати бузург, Истиқлолияти давлатиро  ҳифз намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо хизматҳои шабонарӯзии хеш сулҳро ба мо оварданд, мо бояд ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ватани  моро ба ҷуз худи мо дигар кас ҳимоя намекунад. Пас вақти нангу номус аст ва  мо бояд ин сарзамини муқаддасро ҳифз намоем.”

Баъдан, муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир баромад намуд, вобаста ба маъракаи сиёсӣ ҳарф зад:

“ Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дар ҳама давру замон сарзамини худро бесоҳиб нагузоштанд. Мо ҳам анъанаи аҷдодиамонро идома дода, ин сарзамини ободу озодро бо амри дил ҳифз мекунем. Ҷаноби Олӣ имрӯз тамоми шароитҳои заруриро барои қисмҳои ҳарбӣ дар сатҳи баланд фароҳам овардаанд.  Танҳо моро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоем. ”

Дар идома муовини Раиси вилоят дастур дод, ки дар тарғибу ташвиқи шомилшавии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дучанд ба роҳ монда шавад.

Баъдан комиссари вилояти Суғд муҳтарам Мирзозода Давлатшо вобаста ба мактаби мардонагӣ будани хизмати ҳарбӣ баромад намуд.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки дар ноҳия барои даъвати ҷавонон ҳама шароитҳо муҳайё карда шудааст.

Мо бояд барои иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон корбариро ҷоннок намуда, барои иҷрои нақша кӯшиш намоем. Раиси ноҳия бобати ин масъала ба масъулин дастури қатъӣ дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.