Дар қаламрави ноҳияи Ашт омодагӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланд идома дорад. Тамоми ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ бо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таъмин буда, дар ҷойҳои намоён шиору овезаҳо роҷеъ ба таблиғи баргузории интихобот насб гардидаанд.
Дар ноҳия 1 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, 4 комиссияи ҳавзавӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва 40 комиссияи ҳавзавӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт ташкил карда шудааст.
Тибқи маълумоти котиби Комиссияи ҳавзаи интихоботии Ашт №17 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Н.Маҳкамова комиссия дар бинои МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидови ноҳия фаъолият мебарад. Тамоми фаъолияти аъзоёни комиссия тибқи Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат мегирад. Оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон 56 комиссияи участкавии интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Барои вакилии Маҷлиси намояндагон 4 нафар номзадҳо сабти ном гардиданд: як нафар аз ҲХДТ, 3 нафари дигар тариқи худпешбарӣ—ду нафар узви ҲХДТ ва як нафар узви Ҳизби аграрии ҶТ. Аз санаи 11 феврал муаррифӣ ва вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон оғоз ёфт. Он дар тамоми 9 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мешавад.
Тибқи иттилои раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Т.Ашӯров, макони ҷойгиршавии комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакилони Маҷлиси ноҳиявӣ дар бинои КДВ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” –и маркази ноҳия воқеъ аст.
Барои интихоботи вакилони Маҷлиси ноҳиявӣ 40 ҳавзаву 56 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудаанд. Ҳамаи онҳо бо қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар бораи интихобот таъминанд. Навбатдории ҳамарӯза роҳандозӣ гардида, интихобкунандагон роҷеъ ба иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ маълумоти заруриро гирифта метавонанд. Дар ҳамаи участкаҳо рӯйихати интихобкунандагон мавҷуд буда, намунаҳои чӣ тавр пур кардани бюлеттенҳои овоздиҳӣ дар ҷойҳои назаррас гузошта шудаанд.
Барои интихобкунандагони дорои имконияти маҳдуд ва маъюбон кабинаҳои махсус омода карда шудаанд. Лавҳачаи “Мушоҳидони байналмилалӣ” дар ҳамаи участкаҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки теъдоди интихобкунандагон дар интихоботи имсола 101.272 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 2369 нафарашон бори аввал дар овоз медиҳанд.
Т.МИСРОБӢ