АШТ: ВОХӮРИ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

 811 боздид

Имрӯз дар МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов вохӯри бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода доир гардид.

Дар вохӯри Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгири шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳои тундрав, майл кардани ҷавонон ба фарҳангӣ бегона, дуруст истифода бурдани телфонҳои мобили ҳарф заданд.

Инчунин, таъкид карданд, ки ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои кишвар ҳастанд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон собитона қадам мезананд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд.

Сипас, хатмкунандагон миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.

Баъдан якчанд нафар фаъолони соҳа бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдони карда шуданд.
Дар охир бахши фарҳанги ноҳия бо суруду рақсҳои ҷолиб таъби ҳозиринро шод намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.