Субҳи имруз 3-юми ноябри соли 2021 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии Раиси ноҳия бо ходимони дин оид ба даъвати тирамоҳӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия сарпарасти соҳа, намояндаи шуъбаи дар ноҳияи Ашт будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сармутахасси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта иштирок намуданд. Раиси ноҳия Мирдадо Зариф оид ба вазъи имрӯза сухан намуда, доир ба маърӯзаи имомхатибон дар намози ҷумъа дастур дод, ки оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, дӯст доштани марзу бум баромадҳои судманд намоянд. Таъкид гардид, ки мояи ифтихор ва шукргузорист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу амният ҳукмфармо буда, мардум дар фазои орому осуда кору зиндагӣ доранд. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз ҳамчун шахсият шинохта шудани мард аз ҳамин мактаб ибтидо мегирад. Инчунин онҳо ки доимо дар байни мардум ҳастанд, беэътиноӣ нисбати даъвати ҷавонписарон накарда, хизмат намудан ба халқу Ватанро мунтазам тарғибу ташвиқ намоянд.
Инчунин нимаи дуюми рӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 вохӯрии Раиси ноҳия бо фаъолон ва сокинони деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод баргузор гардид.