АШТ: Вохӯрии Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо ҷавонон ва варзишгарони ноҳия.

 1 889 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 16 – уми феврали соли 2022, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо ҷавонон ва варзишгарон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мудирони шуъбаву бахшҳо, сохторҳои марбутаи самти идеологӣ, мураббиён, варзишгарон, ҷавонон, гирандагони Стипендияи Президентӣ, Раиси ноҳия ва собиқадорони соҳаи варзиш ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия дар баромади худ қайд намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешаванд.
Ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.
Инчунин Раиси ноҳия дар баромади худ зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ маҳсуб медонад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.
-Давоми панҷ соли охир баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ, баргузории чорабиниҳои варзишӣ-маърифатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ҳаҷми маблағгузорӣ дар ин самт сол аз сол зиёд гардида истодааст.
-Бо бунёду ба истифода супоридани 26 иншооти варзишии аз ҷониби соҳибкорону ҷавонони ташаббускори ноҳия, ки бо шарофати онҳо имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардида, солҳои охир сафи варзишгарон дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои сазовори ҷойҳои намоён зиёд шуда истодааст.
-Дар соли 2021 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 164 медали тилло, 191 медали нуқра ва 174 медали биринҷӣ гардиданд.
-Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад.
-Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни чорабинии варзишӣ, ки бахшида ба 29 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 4 ва 5 – уми феврали соли равон дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 байни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия мусобиқаи волейбол баргузор гардида буд, аз ҷониби Раиси ноҳия Ҷом, Диплом, Сипоснома, медал ва туҳфа (туб) тақдим карда шуд. Инчунин ба 50 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею, гимназияҳо стипендияи Раиси ноҳия барои моҳҳои сентябр, октябр, ноябр ва декабри соли хониши 2021-2022 супорида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.