Бахшида ба 29 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли равон, дар қисми ҳарбии 0216 вохӯрии Раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси Шӯрои собиқадорон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлол дар давоми 30 сол, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуд.
Ба афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ доир ба дастуру ҳидоятҳо, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд маънидод карда шуданд.