АШТ: Вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо соҳаи тандурустӣ

 242 боздид

Субҳи имрӯз санаи 13 – уми декабри соли 2021 дар маҷлисгоҳи маркази саломатии ноҳия вохӯриии роҳбарияти ноҳия бо аҳли кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири мамлакат оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус ва рафти иммунизатсияи шаҳрвандон бар зидди бемории коронавирус дар ноҳия баргузор гардид.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба масъулини соҳаи тандурустӣ вазифагузорӣ карда шуд, ки бояд ҳар як шаҳрванд аз иммунизатсия гузарад, зеро саломатии мардум ин сарвати бебаҳост. Барои ин мо бояд дастҷамъона барои гузаштани шаҳрвандон аз иммунизатсия корбариро ҷоннок намоем.
Дар даромадгоҳи масҷидҳо нуқтаҳои эмкунӣ хубтару дурусттар ба роҳ монда шавад. Ҳар як ташкилоту идораҳои дар ноҳия фаъолияткунанда таҳлил гузаронида шуда, шахсоне, ки аз иммунизатсия нагузаштаанд бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба иммунизатсия фаро гирифта шаванд.
Танҳо бо роҳигузаронидани иммунизатсия, риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, истифодаи ниқоб дар ҷойҳи ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.