АШТ: ВОХУРИИ ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АШТ ОИД БА ПЕШГИРИИ ШОМИОЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ.

 478 боздид

13.03.2023

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва омодагӣ ба даъвати баҳорӣ ва дигар масъалаҳои мубрам бо бошандагони Ҷамоати деҳоти Ашт вохӯрӣ анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки вохӯрӣ дар саҳни МТМУ рақами 14 ба номи Исмоили Сомонӣ Ҷамоатҳои деҳоти Ашт доир гардида, дар он прокурори ноҳияи Ашт Сафарзода Баҳриддин Сафар, сардори ШВКД ҶТ дар дар ноҳияи Ашт Тағойзода Давлатшоҳ Тағой, сардори КДАМ дар ноҳия Каримов Абдусаттор, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳамзамон, сардорони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ноҳия ва ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Нахуст, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфт:

«Бо шарофати Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик соҳиби сулҳ, оромӣ, фаровонӣ гардид. Аммо, нохалафон мехоҳанд ин арзишҳои муқаддасро халалдор созанд. Мо ба қадри меҳнатҳои Ҷаноби Олӣ бирасем ва шукрона намуда зиндагӣ созем. Ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки дар паҳлӯи Пешвои миллат муттаҳид гардида, пеши роҳӣ терроризм ва экстромизмро гирад ва решакан намояд.»

Дар идома прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин Сафар оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба падидаҳои номатлуб терорризм ва экстромизим сухан гуфт:

«Имрӯз бояд ҳар як фаъолони ҷемеа барои решакан намудани ин падидаи номатлуб мусоидат намояд. Зеро, мубалиғин бештар ҷавононро зери нешон мегиранд, ки мо агар бетараф бошем ҳаёти ҷавонияшон месӯзад. Таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ аз вазифаи мо фаълон ба ҳисоб меравад.»

Сипас, роҳбари ноҳия дар бораи вусъат ёфтани корҳои ободу зебосозӣ зери сиёсати оқилонаву одилонаи Пешвои муаззами миллат дар ноҳия баёни назар намуда, аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз масъулин пурсон шуд.

Ғафуров Махкамбой, ки бевосита барои корҳои соҳилмусаҳкамкунӣ дар мавзеъи Ашт-сой вобаста мебошад, оид ба иҷрои корҳо маълумоти муфассал дод.

Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сокинони сарбаланди ҳудуди ҷамоат сӯҳбати озоду самимӣ намуда, гуфт:
«Пешвои муаззами миллат Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сифр обод намуда, оқибатҳои ҷанги хонумонсӯзро барқарор ва иншоотҳои азимӣ асрро бунёд карданд.

Мо сокинон аз мактаби мардонагӣ ва ободкоронаи Ҷаноби Олӣ илҳом гирифта, бояд корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар ободиҳоро анҷом диҳем. »

Сипас, аз сокинону соҳибкорон барои саҳмгузори дар ин кори хайр даъват ба амал овард.

Сокинони бонангу номуси ҷамоат ва як қатор соҳибкорони ватандӯст ташаббуси раиси ноҳияро дастгирӣ намуда, аз ҷойи худ барои саҳмгузорӣ бархестанд.

1.Мараҷабов Шокирҷон- соҳибкор 10 тонна семент ва арматура.
2. Ахмедов Толибҷон- роҳбари хоҷагии деҳқонӣ «Рамз»10 тонна семнет.
3.Зокиров Айём-соҳибкор 10 тонна семент.
4. Шокир Рафиқзода 10 тонна семент.
5. Бобалиев Махфиралӣ 10 тонна семент.
6. Пулотов Меҳровар 2 тонна семент.
7.Марипов Нодир- 2 тонна семент.

Раиси ҷамоат Шавкат Раҳматҷонзода ба сарвари ноҳия иттилоъ дод, ки сокинон барои саҳмгузорӣ наздик 60 ҳазор сомонӣ маблағ бо ихтиёри худ ҷамъ овардан ва ҳоло дар дасти раисони кумитаи маҳалла қарор дорад.

Шӯҳрат Муҳаммадзода дастур дод, ки бояд худи раисони кумитаи маҳаллаҳо мабалғро бо аъзоёни коминсияи молиявии худ харҷ кунанд ва ҳисоботро ба таври воқеъи ба сокинон пешниҳод созанд.

Бояд тазаккур дод, ки барои шаффофият нафароне, ки барои ин кори хайр саҳмгузорӣ мекунанд номашон дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шабакаи иҷтимоӣ нашр карда мешавад.

Воқеиятҳои чандсолаи охир мушоҳида ва таҳлил мегардад, ки ҳамасола дар мавсими фаслҳои баҳору тобистон дар ин мавзеъ ва умуман Ашт-сой селҳои нисбатан калон омада, ба хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ, роҳу пулҳо ва дигар инфрасохторҳои мавҷуда ҳисоротҳои ҷиддӣ мерасонад. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ метавонад, пеши роҳи чунин хисоротҳоро гирад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.