АШТ: Вохурии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо итихобкунандагон дар Ҷамоати деҳоти Понғоз

 311 боздид
17.10.2022
    Имруз, мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин доир ба “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Понғоз ҷараён гирифт.
        Маврид ба зикр аст, ки вохури дар толори МТМУ-и №36 доир гардида, дар он муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, роҳбарони корхонаю таҳкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тибу маориф ва дигар шахсони дахолдор ширкат намуданд.
Нахуст, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин оид ба “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” маъруза намуд:
         “Санади оштии миллӣ, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ном гирифту ҳамагӣ беш аз ду саҳифаро ташкил мекунад, гуфтушунидҳои зиёди пуртазоди гурўҳҳои ваколатдори ду тараф – давлат ва неруҳои мухолифро пушти сар дорад.
Агар ба таври дигар бигўем, музокироти сулҳи тоҷикон дар нўҳ давр ва 40 гуфтушунид баргузор шуда, дар даври ниҳоияш, ки дар шаҳри Москва доир гардид, санади сарнавиштсози «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» санаи 27-уми июни соли 1997, ки баъдан рўзи Ваҳдати миллӣ номида шуд, ба имзо расид.Бо ифодаи дигар, гуфтушуниди сулҳи миёни тоҷикон се солу се моҳу се рўз ё худ 1 ҳазору 171 шабонарўз идома ёфта, бо азхудгузаштанҳо ва ҷонфидоиҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самар расидааст.”
        Сипас, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба вусъат ёфтани корҳои ободу зебосозӣ баёни назар намуд:
«Сокинони ноҳияи Ашт дар қатори тамоми мардуми кишвар аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, дар ҷодаи ободу зебо намудани диёр корҳои назаррас анҷом дода истодаанд. Бахшида ба 30 солагии Истиқлоият дар деҳаҳо корҳои созандагӣ боло рафта якчанд адад синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мағозаю ошхона барои сокинон, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди пулу купрукҳо ва таъмирми роҳҳо бо асфалти гарм ба миқдори 48 километр роҳи марказии Шайдон – Понғоз ва роҳҳои дохили маҳаллаҳо ба анҷом расонида шуд.”
           Маврид ба зикр аст, ки мулоқот дар фазои озод ва самимӣ ҷараён гирифта, фаъолони ҷамоат Қосимов Тухтасун, Қодиров Қурбон, Пулотов Назмиддин ва дигарон баромад намуда, вобаста ба саволҳои худ посухи амиқ гирифтанд.
Гирифтани акси ҳотиравӣ чорабиниро анҷом бахшид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.