АШТ: Вохурии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо итихобкунандагон ҷамоатҳои деҳоти Шодоба ва Меҳробод доир гардид

 321 боздид

18.10.2022

Имруз, мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар хусусӣ “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо бошандагони ҷамоатҳои деҳоти Шодоба ва Меҳробод баргузор гардид.

Ҷоиз ба қайд аст, ки вохури дар маркази Ҷамоати деҳоти Шодоба баргузор гардида, дар он Прокурори ноҳияи Ашт Сафарзода Баҳриддин Сафар, муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Фарҳодзода Хуршед, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, роҳбарони корхонаю таҳкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахолдор ширкат намуданд.

Нахуст, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар бобати “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” ба таваҷҷӯҳи ҳозирин маъулмоти муфассал пешниҳод намуд:

“Маҳз самараи талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистони навин дар муддати кутоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар мебошад.

Як нуктаро бояд хотирнишон кард, ки вазъи зиндагии мардуми кишварро на танҳо бо солҳои мудҳиши 90-уми асри гузашта, балки ҳатто бо 10-15 соли соли пештар муқоиса кардан ғайриимкон аст.”

Дар идома Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба вусъат ёфтани корҳои ободониву созандагӣ дар даврони соҳибистиқлол баёни андеша намуд.

“Корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои Шодоба ва Меҳробод дар баробари дигар ҷамоатҳо дуруст ба роҳ монда шудааст. Қайд кардан бомаврид аст, ки иқдоми неки Раиси ноҳияро сокинони ҷамоат вазифаи аввалиндараҷаи худ қабул намуда, тамоми сокинон ва фаъолон муттаҳид гашта зиёда, аз 3,5 миллион сомонӣ маблағ ҷамъ намуда дар деҳаи Дӯлона зиёда аз 7 километр роҳро бо асфалти гарм азнавсозӣ ва таъмир намуданд. Дар ин радиф дар корҳои ободу зебосозӣ, роҳсозии сокинони Ҷамоати деҳоти Шодоба низ корҳои назаррасро анҷом доданд.Хусусан, бунёд ёфтани корҳои саноъатӣ дар ҳудуди ҷамоат аз ҷумла, корхонаи саноати ҷӯроббофӣ, бунёд ёфтани сардхона ва дигар корхонаҳои хурду бузуг боиси қаноатмандист.”

Сипас, Прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин Сафар баромад намуда, бобати устувории қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.

Маврид ба зикр аст, ки вохӯрӣ дар фазои озод ва самимӣ ҷараён гирифт.

Гирифтани акси ҳотиравӣ чорабиниро анҷом бахшид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.