АШТ: ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ НОҲИЯИ АШТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

 427 боздид

Имрӯз, 12.05.22 дар толори «Кохи Ҷавонон» ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии маркази вилоят дар фазои озод ва самимӣ ҷараён гирифт. Дар вохурӣ сармутахассиси шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров иштирок дошт. Раиси ноҳия зимни баромади хеш иброз намуд: “Бо дастгирии пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит барои таҳсил фароҳам оварда шуда, мебояд ҷавонон самаранок истифода баранд. Кунун ноҳия ба мутахассисони соҳаҳои мухталиф ниёз дорад. Дар ин радиф ҷавонписарон фаромӯш насозанд, ки адои қарзи фарзандӣ, хизмат ба Модар-Ватан дар мадди аввал қарор дорад. ”
Баъдан Раиси ноҳия даъват ба амал овард, ки ҷавонони ноҳия дар самти шомилшавӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар намунаи ибрат бошанд. Сипас, донишҷӯён бо амри дил ба саҳна баромада таъкин сохтанд, ки омодаанд ба хизмати ҳарбӣ баъд аз итмоми донишгоҳ раванд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён: Умедҷон Амонӣ аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Манижа Худойбердиева аз ДДҲБСТ, Мӯътабар Раҳматзода аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва дигарон баромад намуда, вобаста ба мушкилоти ҷойи кор, таъмири китобхона дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, ташкили курсҳои забономӯзӣ дар ҳудуди ноҳия, гаронии роҳкиро Хуҷанд-Ашт пешниҳоди худро баён намуда, аз ҷониби роҳбари ноҳия посухи амиқ гирифтанд.
Баъдан 10 нафар дониҷӯёни фаъол бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, ба 5 нафар тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт супорида шуд. Дар фарҷомӣ ба 100 донишҷӯён ятим ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакӣ яквақтаи раиси ноҳия дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки беш аз 500 нафар дар вохурӣ ширкат намуда, гирифтани акси хотиравӣ ба дидорбинӣ анҷом бахшид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.