Ашт: Вохӯрӣ бо имомхатибон

 617 боздид

Имрӯз,19 октябри соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ бо сармуттахасисиони танзини анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия, ходимони дин ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия баргузор гардид.

Муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар баромади худ аз қонуншиканиҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, дар руҳияи худшиносиву   худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас, баргардонидани ҷавонони гумроҳшуда аз кишварҳои хориҷ вапешгирии зиёдаравӣ дар ҷашну маросимҳо сухан гуфт.

Тибқи иттилои масъулин мақсад аз мулоқот ин огоҳ намудани ҷавонон аз ҳар гуна таҳдидҳои зараровар аз ҷумла, таҳдидҳо бо роҳи шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, таҳдидҳо бо роҳи ҳуҷуми фарҳанги бегона, таъсиррасонӣ бо воситаи расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки барои насли наврас ва ҷавонон бисёр хатари ҷиддӣ дорад, маҳсуб меёбад.

Дар охир як қатор имомхатибон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифта иброз доштанд, то метавонанд барои пешгирии ва ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва баргардонидани онҳо аз кишварҳои хориҷ сайъу кӯшиш менамоянд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.