АШТ: ВОХӮРӢ БО ИМОМХАТИБОНИ НОҲИЯ

 648 боздид

Дар толори хурди МИҲД-и ноҳияи Ашт вохӯрии Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо имомхатибон ва намояндагони дин ҷиҳати тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии сарвари давлат ва дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилони ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд.

Қайд карда шуд, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат чун ҳамешагӣ ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа тааллуқ дошта, дар навбати худ, намояндагони дин низ баҳри амалӣ гардидани нуктаҳои он бояд саҳм гузоранд.

Имрӯз дар ноҳия 57 адад масҷидҳо мавҷуданд, ки ҳамарӯза, бахусус, рӯзҳои ҷумъа одамони зиёд дар ин ҷо намоз мегузоранд. Имомхатибон ва намояндагони дин барои тарбияи насли наврас, бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд имконияти зиёд доранд. Пӯшида нест, ки имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ хатари терроризму экстремизм, шомил шудани ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, майл намудани насли наврас ба омӯзиш дар мамолики хориҷ зиёд шудааст. Ва байни намояндагони дин низ ҳастанд нафароне, ки барои рӯйи кор омадани ин амалҳои номатлуб даст доранд ва ё мувофиқанд. Ҳастанд онҳое, ки ин ҳамаро  нодида мегиранд ва ё бетарафӣ зоҳир менамоянд. Дар ҳоле, ки имрӯз барои намояндагони дин давлату ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи кам зоҳир намекунад. Муқоисаи шумори масҷидҳое, ки дар боло овардем, бо даврони шӯравӣ (ҳамагӣ 17 масҷид дар ҷумҳурӣ мавҷуд буд) басанда аст, ки аҳли дин сиёсати имрӯзаи давлатро дастгирӣ намоянд, аз як гиребон сар бароварда барои амнияти кишвар, тарбияи насли созанда, аз роҳи нодуруст баргардонидани ҷавонон, пешгирии бегонапарастӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар пеш моро марҳилаи ҳассос, маъракаи муҳими сиёсӣ—интихобот интизор аст, ки санаи 1 марти соли равон доир мегардад.  Барои дар сатҳи баланду амният гузаронидани он намояндагони дин низ бояд паҳлӯ ба паҳлӯ якҷо бо мақомоти масъул ҳисса гузоранд ва бетарафӣ зоҳир накунанд.

Сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Аскар Ҳабибов ба сухан баромада, гуфт, мақсади ҷамъомади имрӯза ҳамин аст, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандони ноҳия ба гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ вусъат дода шавад. Бахусус, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти осебпазир, чун Понғоз, Ифтихор, Ошоба, Шайдон, Ашт, деҳаҳои наздисарҳадӣ ва дурдаст гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ зарур аст. Айни ҳол аз ноҳияи Ашт 84 нафар тибқи моддаҳои 307, 401-и КҶ ҶТ дар кофтукови расмӣ қарор доранд, 5 нафар собиқ толибилмони донишгоҳҳои исломии давлатҳои исломӣ ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд. Ин рақамҳо ташвишовар ҳастанд.

Масъалаи дигари нигаронкунанда ҷанги иттилоотӣ, яъне шабакаҳои иҷтимоии Интернет аст, ки майдони хеле мусоид барои ифротиён гаштааст.  Бо ҳар роҳу восита, бо мағзшӯйии ҷавонону наврасон, фиребу найранг фарзандони моро ба доми худ мекашанд. Ва боз таассуфовараш ин аст, ки хоинони миллат дасти худро ҷониби насли оқилу боистеъдод низ “дароз” кардаанд.  Яъне, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ кӯшиш доранд, ҷавонони донишмандро низ ба дом кашанд. Имрӯз “фарзанди ман оқил, донишманд, ҳушёр, аз илмҳои замона бохабар аст ва ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад намеравад, ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил намешавад” гуфта намешавад. Бовар кардан, аммо пайваста бохабар будан аз он, ки фарзандони мо бо кӣ муошират мекунанд, аз кадом шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, ҳамнишини кӣ ҳастанд, вақти холигиашонро чи гуна паси сар мекунанд, муҳим аст.  Бинобар ин новобаста аз одобу ахлоқу дониш ҳар нафар бояд нигарони фарзанд, атрофиён бошад.

Имом-хатиби ноҳия М.Ҷамолиддинов изҳор дошт, намояндагони дин ва имом-хатибони ноҳия то қадри имкон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани интихоботи дар пешистода, амалӣ намудани нуктаҳои Паёми сарвари давлат ва дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Аскар Ҳабибов ҳамчунин дигар нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро бозгӯ намуданд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.