Санаи 19 сентябри соли ҷорӣ, дар толори Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, бо иштироки волидон ва даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳия Сулмонзода Қурбоналӣ, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, навдаъватшавандагон, волидони навдаъватшавандагон, волидони сарбозон ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок доштанд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳия дар баромади худ зикр дошт, ки боиси ифтихор аст, ки барои ором нигоҳ дошатни хоку буми ватанамон пайваста меҳнат намуда, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани дастовардҳои даврони истиқлоли кишвар, ҷавонони бонангу номуси мо мардонавор дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд.
-Солҳои охир дар даъватҳои баҳорӣ, тирамоҳӣ сафи ҷавонони бо амри дил ва бо хоҳиши худ барои хизмати Ватан-Модлар сафарбаршуда, хеле зиёд гардидааст. Албатта дар ин самт хизмати бевоситаи волидайни азиз, падару модарон ва омӯзгорон назаррас аст.
Сулмонзода Қурбоналӣ комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳия зимни баромади худ иброз дошт, ки мо бо ҷавонони ҷасуру нотарси худ фахр мекунем ва умед ба он дорем, ки сафи ҷавонони бо амри дил ба хизмат ҳозиршаванда зиёд мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар даъвати баҳории имсола беш аз 150 нафар бо хоҳиши дил барои адои қарзи худ ба хизмати Ватан-Модар мераванд.
Дар охир аз номи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба волидони сарбозоне, ки айни ҳол дар сафи Қувваҳҳои Мусаллаҳ адои хизмат намуда истодаанд, мактуби миннатдорӣ тақдим карда шуд.