АШТ: Вохӯрӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия

 685 боздид

Имрӯз, 28 феврал бо мақсади баланд бардоштани ҳиси ватандӯстӣ ва хештаншиносии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷалби онҳо ба бунёдкориву созандагӣ, дӯст доштани ватан, деҳа ва маҳалли худ, эҳтиром нисбат ашхоси калонсол, эҳтироми волидайн ва ҷалби ҷавонписарон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимии 17-и шаҳраки Шайдон ва гимназияи 5-и Ҷамоати деҳоти Понғоз доир гардид.

Дар суҳбати худ Сиёвуш Ҳаитов сармутахссиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ноҳияи Ашт ба хонандагони муассисаи таълимии гимназияи №5 иброз дошт, хизмати Ватан қарзи ҳар як шаҳрванди сокини кишвар мебошад. Хусусан ҷавонон бо далерию ҷасурӣ дар роҳи дифои Ватан содиқона адои хизмат намоянд.

Обода Каримӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамроҳ бо Диловар Мақсудҷонзода майори милитсия, нозири калони минтақавии ШВКД дар ноҳияи Ашт, дар муассисаи таълимии №17 бо хонандон суҳбату вохӯрӣ намуданд.

Тавре Обода Каримӣ иттилоъ дод, мақсад аз вохӯрӣ ин пеш аз ҳама таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ҳодисаҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии хонандагон, давомоту интизом ва санҷиши сатҳи дониши хонандагон мебошад.

Дар охир хонандагон ба суолҳои худ аз тарафи масъулон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.