АШТ: ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗУ ФАРЗ АСТ.

 8 285 боздид

Имрӯз, 3-юми апрели соли 2023, дар саҳни муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”, маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардори коминсарияти ҳарбӣ,  роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозони қисмҳои низомии ноҳия, падару модарони навдаъватшавандаҳо ширкат карданд.

Дар оғоз Раиси ноҳия баромад намуда, бобати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва пост доштани тинҷиву оромӣ ва хизматҳои Пешвои муззами миллат ҳарф зад:

“Воқеан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст, ки ин вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишварамон мебошад.

Барои  ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҳар яки ҷавони бо нангу номус шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои муасаллаҳ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад, зеро ин оромиро Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осонӣ ба даст наовардаанд.”

Имрӯз тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №541 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 — 2005”   даъватшавандагонро дар фазои идона ба хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуд.

Дар идома, муовини аввали комиссари ҳарбии вилояти Суғд полковник Солиҷонов Даврон баромад намуда, зикр дошт:

Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Вале, таҳаввулоти ҳарбиву сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвар доимо омода бошем.

Сипас, сарбози қаторӣ аз қисми ҳарбии 14356Б Раҳмонов Саидҷон, даъватшаванда аз ҷамоати деҳоти Понғоз хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Турсунов Ҳофиз Бахтиёрович, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Маҳмудов Алиҷон, бобои даъватшаванда аз деҳаи Кулихуҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон Сайидалиев Ҳусниддин, ҷавонзан Махкамова Гулмира дар назди ҳозир оид ба ифтихор будани хизмат ба Ватан сухан гуфтанд.

Бо назардошти хизматҳои шоён ва пайваста Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо  бо медали ҷашнии 30-солагии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қардонӣ гардида, дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.

Ҳамзамон бо чунин медали ҷашнӣ Раиси Ҷамоати деҳоти Ориён низ сарфароз гардонида шуда, пешқадамон бо Сипосномаҳои Раиси ноҳия шарафёб гардидаанд.

 Сипас, барои даъватшавандагон ҳамчун туҳфа шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардида, туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳияро гулдухтарон ба даъватшавандагон дода шуд.

Баромади сарбозони қисмҳои низомӣ, хонандагон, саҳнача, рақсҳои ҷаззобу сурудҳои дилнишин таъби ҳозиринро болида намуд.

Дар охир барои сиҳату саломат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, ба назди волидайн баргаштани даъватшавандаҳо маросими нонгазонӣ баргузор карда шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.