09.09.22
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар рузи Истиқлоли давлатӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.
Дар ин ҷамъомад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва сокинон ширкат намуданд.
Ярмаркаи мазкур бо мақсади таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти нисбатан арзон доир шуда, арзиши маҳсулот дар муқоиса бо бозор камтар буд.
Раиси ноҳия ташкили чунин ярмаркаҳоро барои танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Ашт