АШТ: ЗАРАРИ ОҚИБАТИ СЕЛ МУАЙЯН ГАРДИД

 490 боздид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 30 майи соли 2022 дар натиҷаи боришоти шадид ба деҳаи Ашти Ҷамоати деҳоти Ашт ва деҳаи Пунуки Ҷамоати деҳоти Пунук сел омад, ки дар натиҷа 20 пул ва роҳҳои марказии деҳаро валангор карда буд. Пас аз ситоди фаврӣ аз ҷониби комиссия ҳисорот муайян гардид, ки он 1109,5 (як миллиону як саду нуҳ ҳазору 500 сомонӣ) сомониро ташкил медиҳад. Алҳол корҳои бартарафнамоӣ зарари сел идома дорад. Вобаста ба корҳои барқароркунӣ баъдан расман маълумоти муфассал нашр мекунем.
Оид ба вусъат додани корҳои барқароркунӣ дар минтақаи зарардидаи Ҷамоати деҳоти Ашт ситоди навбатӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода гузаронида шуд. Дар ҷамъомад тамоми роҳбарони сохторҳо, сарварони мактабҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Дар раванди чорабинӣ роҳбари ноҳия барои ҷоннок кардани корҳо дастуру супоришҳои амиқ дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.