Нимаи дуюми имрӯз 31 декабр, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, дар арафаи Соли нави мелодӣ кӯдакони маъюбиятдоштаро аёдат намуда, ба онҳо тӯҳфа тақдим намуд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт 10 нафар ҷавонону наврасони маъюбиятдоштаи Ҷамотҳои деҳоти Понғоз, Шодоба, Меҳробод ва Шайдонро аёдат намуда, суҳбати самимӣ анҷом. Зимни аёдат иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табақаи ниёзманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳар ҷашну маросимҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт шахсони эҳтиёҷманд аёдат карда мешаванд.