АШТ:ДАР ДЕҲАИ ҒУДОС КӮЧА БО НОМИ РАҲМОНҚУЛ САЙДАЛИЕВ ГУЗОШТА ШУД

 420 боздид

Имрӯз, 19.07.22 дар асоси Қарори Раиси ноҳия дар деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба кӯча ба номи Раҳмонқул Сайдалиев номгузорӣ карда шуд. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Номгузорӣ дар фазои идона ҷараён гирифта,  бо ҷамъ гаштани бошандагони зиёди деҳа баргузор гардид.

Маълумоти мухтасар дар бораи  Раҳмонқул Сайдалиев

Сайдалиева Ҳуринисо 20-ноябри солии 1949 дар деҳаи Ғудос, совети қишлоқи Ошоба, ноҳияи Ашт, вилояти Ленинобод, (ҳозира Суғд) дар оилаи  колхозчӣ таваллуд шудааст. Падараш Лакимов Муҳаммадқул ва модараш Лакимова Қумринисо зодаи ҳамин қишлоқ буданд.

Дар соли 1957 ба мактаби ҳаштсолаи деҳа ба синфи якум шомил шуда, онро соли 1965 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна ба мактаби №2-и ноҳия ба шӯъбаи ғоибона омада, онро соли 1983 хатм намудааст.

Гарчанде мактабро бо дониши хубу аъло хатм намуда бошад ҳам, дониши худро идома надода, ҳама меҳрашро ба кори саҳро бахшидааст. Меҳнати ҳалоли Сайдалиева Ҳуринисоро ба назар гирифта, ӯро соҳиби мукофотҳо гардонидаанд. Сайдалиева Ҳуринисо дар соли 1972 ба гирифтани ордени “Байрақи Сурхи меҳнат”, дар соли 1975 Нишони сарисинагии “ВДНХ СССР”, дар соли 1978 бо гирифтани Ордени “Шараф” сазовор гаштааст.

Аз соли 1973 то соли 1985 ӯро вакили маҷлиси вакилони Ҷамоат, вакили маҳаллӣ ва аз соли 1985-1995 се навбат вакили маҷлиси вакилони вилоятӣ интихоб карданд.

Дар соли 2007 ба нафақаи пиронсолӣ баромада, давлати пирӣ ронда истодааст.

Сайдалиева Ҳуринисо нафақагири аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.

Сайдалиева Ҳуринисо бо як шахси хоксору меҳнатдӯст, Сайдалиев Раҳмонқул оиладор шуда, соҳиби оилаи намунавӣ мебошанд.

Шумоён хеле хуб медонед, ки Раҳмонқул- амак, як инсони хоксору ҳалим, кордону ватандӯст, тамоми умр ҳамчун механизатори колхози ба номи Калинини ноҳияи Ашт фаъолият намудаанд.

Дар колхоз аз Раиси хоҷагӣ  Хуҷаназаров Имомназар сар карда, то колхозчии оддӣ, тамоми мутахассисони соҳа, тамоми кормандони соҳаи кишоварзӣ ӯро ҳурмату эҳтиром мекарданд.

Барои меҳнатҳои ҳалол якчанд маротиба бо Ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ҳамчун ғолиби мусобиқаҳои меҳнатӣ, сарфароз гардонида шудаанд. Инчунин  бо мукофоти олӣ, Ордени  “Шараф” сарфароз гардидаанд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.