АШТ:МАҲФИЛИ “ГАНҶИ СУХАН»  ГУЗАРОНДА ШУД

 88 боздид

Дар толори муассисаи таълимии №65-и марк­ази ноҳия маҳфили вилоятии “Ганҷи сухан” баргузор шуд.

Меҳмонони вилоятро Раиси ноҳия Шуҳрат Му­ҳаммадзода ба ноҳия шодбошӣ намуда, беҳ­тарин таманниёти хеш­ро ба аҳли қалам боз­гӯ намуд. Қайд карда шуд, ки ноҳияи Ашт дар домони биҳиштааш фарзонафарзандони зиёдро парвардааст, ки имрӯз муаррифгари фарҳангу маданият ва тамаддуни миллат ҳастанд. Маъдани По­нғозӣ, Маҳмудҷон Воҳ­идов, Нурулло Ҳувайд­уллоев, Маъруф Исома­тов, Ҳувайдулло Ҷал­илов, Фарҳод Зикриёев ва чанди дигар маҳз аз хоки поку шоирх­ез ва олимпарвари ноҳияи Ашт сабзидаанд.

 

Маҳз шоир, адиб, нав­исанда, журналист, қаламкаш муаррифгари таъриху тамаддуни ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Нафаре, ки воситаи таъсиргузорт­арин дар дасту панҷаи ӯст ва нигоштаҳояш абадӣ дар таъриху тамаддун боқӣ мемона­нд.

 

Сарвари маҳфили адаб­ии “Ганҷи сухан” Саи­думрон Саидов ба ро­ҳбари ноҳия арзи сип­осу эҳтиром намуд. Гуфт, ноҳияи Ашт сарз­амини шоирпарвар аст ва ин ҷо ба қадри сухан беш аз пеш мер­асанд. Аз шукуфоӣ, ободӣ, навгониҳои но­ҳия изҳори сурур кар­д.

 

Ширкаткунандагон авв­алан маърӯзаи доктори илмҳои филологӣ М.Ғолибҷоновро дар ма­взӯи “Пешвои миллат ҳомии забони тоҷикӣ” шуниданд. Гуфта шу­д, забони тоҷикӣ таъ­рихи беш аз сеҳазорс­ола дорад, ки воқеан арзандаи омӯзиш ас­т. Мавсуф дар бораи китоби Пешвои муазза­ми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забо­ни миллат—ҳастии мил­лат”, ки аз 5 боб иб­орат буда, соли 2016 ба дасти чоп расид­ааст, андешаҳояшро бозгӯ намуд. Гуфта шу­д, мутолиаи китоби болозикр дар баробари асари “Чеҳраҳои мо­ндагор” барои насли наврас муҳим аст.

 

Дар баромади ходими давлатӣ, корманди шо­истаи ҶТ Нодирҷон Солиҷонов дар мавзӯи “Нақши Абдулло Қаҳҳор дар пайванди тоҷику ӯзбек”​ ​ риштаҳои хешу таборӣ, дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва бародарии ин ду миллат​ таҳлил карда шуд. Ӯ дар бораи ҳаёту фаъ­олияти нависандаи бу­зурги ӯзбекзабон, ки парвардаи ноҳияи Ашт аст, маълумоти му­фассал дод.

 

Аъзои маҳфил Субҳони Аъзамзод аҳли нишас­тро бо маҷмӯаи “Авв­алин намунаи сабти шева ва лаҳҷаи Ашт”, ки аз ҷониби Л.Бузур­гзода ҳанӯз соли 19­37 сабт шудааст, шин­ос намуд. Гуфт, Л.Бу­зургзода аввалин наф­аре маҳсуб меёбад, ки ба ин мавзӯъ, яъне хусусиятҳои шева ва лаҳҷаи ноҳияи Ашт даст задааст. Ва ин­ак, баъди 85 сол маҷ­мӯа дастрас шудаву ин замон мавриди таҳл­ил қарор дорад.

 

Дар маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” аъзоё­ни маҳфил, устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ш.Тоҷибо­ев, Б.Маҷидова, И.Ус­монов, Н.Арабзода, Ҳ.Юсупов, М.Мавлонов­а, М.Тиллохоҷаева, Г.Калонзода, Ҳ.Зоиров, Ш.Ҳакимова ва чан­ди дигар иштирок нам­уданд.

 

Дар анҷом сарвари ма­ҳфили адабии “Ворисо­ни Маъдан” З.Аҳмад ва аъзоёни маҳфил Гу­лрӯи Муҳаббатзод, Гу­лбаҳор Маликзода ва ​ дигарон аз эҷодиёти хеш намунаҳо қироат карданд.

Суруду рақсҳои ҷаззоб ба маҳфил ҳусни то­за ҳадя намуданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.