АШТ:САРБОЗОН АЁДАТ ГАРДИДАНД

 326 боздид

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раиси вилоят, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2022 оид ба баргузории мулоқоти ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятии Ҳаракат таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро!” ба истиқболи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ тадбирҳо андешида, санаи 14-уми июни соли равон дар қисмҳои ҳарбии ноҳия бо ҷалби занони собиқадори соҳаҳои гуногуни вилоятиву ноҳиявӣ бо сарбозону афсарон мулоқот доир карда шуд.

Мавриди қайд аст, ки зимни баргузории мулоқот “Корвони модарони ваҳдатсаро” бо маводи хӯрока, аз қабили (нону фатир, кулчақандҳои гуногун, қатлама, самбӯса, сабзавоту меваҷотҳо) сарбозону афсаронро аёдат намуда, аз шароити зисту зиндагии онҳо аз наздик дидан намуданд. Дар қисмҳои ҳарбии ноҳия барои сарбозону афсарон шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Пас, аз боздид гурӯҳи ҳайати таблиғотии вилоятӣ ва маҳаллӣ сарбозону афсаронро ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош намуда, баҳри сулҳу суботи комили кишвар, саҳми босазои ҷавонон дар  пешрафту ободии диёр, хештаншиносиву худогоҳӣ ва хизмати содиқона ба Ватан баёни андеша намуданд.

Афсарону сарбозон ташриф ва меҳру муҳаббати Модарони ваҳдатсароро бо хушнудӣ ва бо ифтихори бузург истиқбол гирифта, дар навбати худ барои ғамхориву дастгирии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карданд. Гуфта шуд, ки  зиракиву сиёсии худро аз даст надода, минбаъд низ баҳри пойдориву сулҳу субот ва оромии кишвар дар назди Ватан-модари худ сарбаландона қарзи фарзандии худро ба ҷо меоранд.

Баъдан, модарони ваҳдатсаро сарбозону афсаронро ба рӯи дастурхони идона даъват намуда, дар ҳаққӣ  онҳо дуои нек карданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.