Субҳи имрӯз роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Ашт бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи захираҳои тиббии соҳаи тандурустии ноҳия, аз ҷумла маводи доруворӣ, корҷомаҳои муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ ба Беморхонаи марказӣ ташриф оварданд.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо аҳли кормандони беморхона мулоқот анҷом дод ва аз вазъи саломативу буду боши худи табибону ҳамшираҳои шафқат, таъминот бо маводҳои зарурии тиббӣ ва либосҳои махсус пурсон шуд. Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ҷиҳати таъмини ҳатмии беморхона бо доруворӣ ва корҷомаҳои махсуси тиббӣ, шароити мусоид барои табобати беморон, ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта пайваста мусоидат намоянд.
—Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу санҷишталаб аввалан бояд саломатии табибону ҳамшираҳои тиббӣ дар ҳолати хуб қарор дошта бошад,—гуфт роҳбари ноҳия. –Барои нигоҳубину табобати беморон бояд аввал табибон саломату бардам ва бо либосҳои худмуҳофизатӣ таъмин бошанд. Бо ҳамдигар меҳрубон будан, дағалӣ накардан, фаъолияти худро бо эҳсоси масъулияти баланд иҷро намудан зарур аст. Эҳтиёткорӣ ва риояи ҳамагуна талаботи қавоиди беҳдошт ҳатмист, чун табибон дар самти осебпазиру пеши ин мубориза қарор доранд.
Тибқи иттилои сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Абдурауф Имомов айни ҳол дар беморхонаи марказии ноҳия 10 нафар (1 нафар дар шуъбаи эҳё) бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаву таҳти назорати духтурон қарор доранд.
Айни ҳол дар беморхонаи марказӣ 79 адад либосҳои яккаратаи махсус, 149 адад либоси бисёркарата, 1150 дона ниқоби худмуҳофизаткунанда, 40 кг маҳлули безараркунанда (хлор), 200 кг гипохлориди калтсий, спирт—76 литр, 2650 адад дастпӯшакҳои тиббӣ, 144 дона собун мавҷуд аст. Бегумон ин рақамҳо хотирҷамъкунанда нестанд. Аммо МИҲД-и ноҳия барои захираи зарурии маводу дорувории тиббӣ ва либосҳои махсус тамоми чораҳоро тавассути ҷалби соҳибкорону ашхоси саховатманд, истифода аз захираҳои мавҷудаи буҷаи ноҳия ва ҷалби масъулини соҳа андешида истодааст.
Ёдовар мешавем, тибқи иттилои АМИТ “Ховар” ба ҳолати 17:30 санаи 11 май дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавирус Ковид-19 ба қайд гирифта шудаву шумораи онҳо ба 661 нафар (қаблан 612 нафар буданд) расидааст. Теъдоди фавти беморони гирифтори ин вирус 21 нафарро ташкил медиҳад.
Т.МИСРОБӢ