АШТ:ХИЗМАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ

 403 боздид

25.08.2022.

Имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи тастиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохурии муовини Раиси вилоят муҳтарам Зоҳидзода Даврон Абдуқодир, комиссари ҳарбии вилоят Мирзозода Давлатшо ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳолати рафти иҷро қарори Раиси вилояти Суғд аз 15.06.222, таҳти №238 “ Оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2022 ва гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” бо фаъолони ноҳия доир гардид.

Дар ҷамъомад, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия,  роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, имомхатибон, раисони маҳалла ва дигар шахсони дахдор иштирок намуданд.

Дар оғоз Шӯҳрат Муҳаммадзода меҳмононро аз номи иштирокдорон ба ноҳия хайрамақдам гуфт ва баъдан вобаста ба корҳои омодагӣ ба даъвати тирамоҳи комиссари ноҳия, полковник Шарифзода Хайрулло Аброр баромад намуда, ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Зимни баромади хеш роҳбари ноҳия ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва бедор намудани ҳисси ватандустӣ ва аёдат ва қадрдонии ҷавонони аз хизмати Модар-Ватан баргашта дастур дод.

Сипас, муовини Раиси вилоят барои беҳтар намудани кор дар ин самт ва шароитҳои хубу мусоид барои хизмат дар қисмҳои низомӣ тавсеа дод:

“Ҳоло дар тамоми қисмҳои низомӣ шароитҳои зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Иншоотҳои қисмҳои ҳарбӣ бо тамоми шароити маъиши таъмин буда, сарбозон дар шароити хуб адои хизмат  мекунанд. Мушкилотҳои солҳои пештара бо ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат бартараф гардидааст. ”

Зоҳидзода Даврон Абдуқодир ба масъулин дастур дод, ки падару модарони сарбозон барои шиносои аз шароити қисмҳои низомӣ  ва хабаргирии фарзандон ба минтақаи ҷануби мамлакат бурда шаванд.

Дар ин радиф Раиси ноҳия  гуфт:

“Бояд ҳар шаҳрванд бубинад, ки Пешвои муаззами миллат барои сарбозон чи қадар  шароити замонавиро муҳайё кардаанд. Барои баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ байни ҷавонон ва наврасон хонандагони муассисаҳои миёна ба қисмҳои низомии ноҳия мунтазам бурда шаванд.”

Дар фарҷом ба масъулин муовини раиси вилоят ва Роҳбари ноҳия дастур дод, ки тамоми супоришҳо ҷиддан ба назорат гирифта шуда, аз иҷрои он маълумоти хаттӣ пешниҳод гардад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.